16.11.2009
Қурби доллари ИМА каме боло рафт
Қурби миёнаи доллари нақдии ИМА 13 ноябр ва ду рӯзи минбаъдаи истироҳат каме боло рафт. Аз ин рӯ, дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ва минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна 1 долл. ИМА 4,3525-4,3720 сомониро ташкил дод. Қурбҳои миёна бо рубли русӣ ва евро бошанд, ба 1,4800-1,4930 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва 6,4350-6,4850 сомонӣ барои 1 евро баробар шуданд. Дар маҷмӯъ, дар ин рӯзҳо вазъи бозори дохилии асъор мӯътадил будани амалиёт ва баробарии пешниҳоду талаботро инъикос менамуд. Ҳаҷми қарордодҳо бо асъорҳои хориҷӣ дар бозори байнибонкӣ ва дохилибонкӣ 13 ноябр аз то андозае зиёд шудани шумораи амалиётҳо бо долл. ИМА дар бахши бозори байнибонкӣ шаҳодат дод. Умуман, аз рӯи амалиёти анҷомдода дар ин бозор, қурби миёнаи долл. ИМА, каме баланд шуда, ба 4,3501 сомонӣ барои 1 долл. ИМА баробар шуд. Дар мавриди рубли русӣ ва евро бошад, 10 рубли русӣ 1,4956 сомонӣ ва 1 евро 6,4140 сомониро ташкил доданд. 16 ноябр соли равон қурби миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе тағйир наёфт ва 1 долл. ИМА ба 4,3622 сомонӣ баробар буд. Маркази матбуоти БМТ