Қарордодҳои хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ дар бозори байнибонкӣ афзуданд

Бойгонии ахбор
12.11.2009

Қарордодҳои хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ дар бозори байнибонкӣ афзуданд

Зиёд шудани шумораи қарордодҳои хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ ва болоравии қурбҳо дар бозори байнибонкӣ 10-11 ноябри соли ҷорӣ, аз фаъолтар шудани амалиётҳо бо долл. ИМА ва евро гувоҳӣ доданд. Ҳамин тариқ, қурбҳои миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА, евро ва рубли русӣ каме баланд шуда, 1 долл. ИМА ба 4,3440 сомонӣ, 1 евро ба 6,4257 сомонӣ ва 10 рубли русӣ ба 1,4935 сомонӣ баробар шуданд.  Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бозори нақдинаи ш. Душанбе ва навоҳии дигари ҷумҳурӣ каме баланд шуда, ба ҳисоби миёна дар атрофи 4,3550 - 4,3720 сомонӣ барои 1 долл. ИМА қарор ёфт. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро низ тағйир ёфтанд ва 10 рубли русӣ 1,4780-1,4960 сомонӣ ва 1 евро 6,4250-6,4750 сомониро ташкил доданд.  Маркази матбуоти БМТ

Возврат к списку