09.11.2009
Дар бозори нақдина қурби доллари ИМА тағйир наёфт
Қурби миёнаи доллари нақдии ИМА дар рӯзҳои истироҳат бетағйир буд ва дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна 1 долл. ИМА ба 4,35-4,37 сомонӣ баробар шуд. Қурбҳои миёна бо рубли русӣ ва евро каме паст фаромада, 10 рубли русӣ 1,47-1,48 сомонӣ ва 1 евро 6,38-6,43 сомониро ташкил доданд. Дар маҷмӯъ, вазъият дар бозори дохилии асъор мӯътадил мебошад. Дар бахшҳои байнибонкӣ ва дохилибонкии бозор қурби миёнаи хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ каме тағйир ёфт ва қурби 1 долл. ИМА 4,3430 сомонӣ, 10 рубли русӣ 1,4912 сомонӣ ва 1 евро 6,4068 сомониро ташкил намуд. Субҳи 9 ноябр қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе тағйир наёфта, 1 долл. ИМА ба 4,35-4,37 сомонӣ баробар шуд.