05.11.2009
Қурби асъорҳои хориҷӣ дар бозор чун пештара мӯътадил мебошад
Қурби миёнаи хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ 4-5 ноябр дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ мӯътадил боқӣ монда, ба ҳисоби миёна 1 долл. ИМА 4,34-4,35 сомонро ташкил дод. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ каме баланд шуда, 10 рубли русӣ ба 1,47-1,49 сомонӣ баробар шуд. Қурби миёна аз рӯи амалиёт бо евро бошад, паст шуда, 1 евро 6,38-6,42 сомониро ташкил дод. Ҳаҷми қарордодҳо бо асъорҳои хориҷӣ ва қурбҳо дар бозори байнибонкӣ ва дохилибонкӣ дар ин рӯзҳо тамоюли пастшавӣ доштанд ва аз фаъол шудани амалиёт бо рубли русӣ шаҳодат медиҳад. Умуман, аз рӯи амалиёти анҷомдода, қурбҳои миёнаи долл. ИМА каме паст шуда, 4,3435 сомониро барои 1 долл. ИМА ташкил дод. Амалиёт бо рубли русӣ каме баланд шуда, 10 рубли русӣ ба 1,4899 сомонӣ баробар шуд. Қурби миёнаи евро бошад, тамоюли пастшавӣ дошта, 1 евро 6,3642 сомониро ташкил дод. Маркази матбуоти БМТ