29.10.2009
Қарордодҳои хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ дар бозори байнибонкӣ кам шуданд
28 октябр қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бештари бахшҳои бозори асъор паст фаромад. Масалан, дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна қурби 1 долл. ИМА ба 4,3430-4,3590 сомонӣ баробар шуд. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро бетағйир боқӣ монданд ва 10 рубли русӣ 1,4740-1,4890 сомонӣ ва 1 евро 6,4500-6,5000 сомониро ташкил доданд. Ҳаҷми қарордодҳо бо асъорҳои хориҷӣ ва қурбҳои миёна дар бозори байнибонкӣ ва дохилибонкӣ тайи ин рӯзҳо тамоюли пастравӣ доштанд ва аз фаъол гаштани амалиёт бо рубли русӣ ва евро шаҳодат медиҳанд. Умуман, аз рӯи амалиёти гузаронидашуда, қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА каме паст шуда, 4,3515 сомониро барои 1 долл. ИМА ташкил дод. Қурбҳои миёнаи хариду фурӯши рубли русӣ ва евро низ каме паст гардид ва ба 1,4899 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва 6,4278 сомонӣ барои 1 евро баробар шуданд. Субҳи имрӯз, яъне 29 октябр қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бозори нақдии ш. Душанбе бетағйир боқӣ монда, ба ҳисоби миёна дар атрофи 4,3430-4,3590 сомонӣ ҷойгир шуд. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро низ тағйир наёфта, ба 1,4740-1,4890 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва ба 6,4450-6,5050 сомонӣ барои 1 евро баробар шуданд. Маркази матбуоти БМТ