23.10.2009
Вазъият дар бозори дохилии асъор мӯътадил мебошад
Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бозори нақдинаи ш. Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ 20-21 октябр мӯътадил боқӣ монда, ба ҳисоби миёна 4,3700-4,3900 сомониро ташкил дод. Айни замон, бештар аз ҳисоби коҳиш ёфтани арзиши долл. ИМА дар бозори ҷаҳонӣ ва зиёд шудани пешниҳоди долл. ИМА дар бозори дохилии асъор устуворшавии қурби пули миллӣ ба мушоҳида мерасад. Субҳи рӯзи 22 октябр низ қурби хариду фурӯши долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе бетағйир монд. Қурби миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро каме баланд шуд ва 10 рубли русӣ ба 1,4835 сомонӣ ва 1 евро ба 6,5150 сомонӣ баробар шуданд. Маркази матбуоти БМТ