19.10.2009
Қарордодҳои хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ дар бозори байнибонкӣ афзуданд
16 октябр ва рӯзҳои минбаъдаи истироҳат қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бештари бахшҳои бозори асъор мунтазам паст фаромад. Аз ҷумла, дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ва вилояти Суғд ба ҳисоби миёна 1 долл. ИМА ба 4,3800-4,3900 сомонӣ баробар шуд. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро каме баланд шуда, 10 рубли русӣ 1,4620-1,4740 сомонӣ ва 1 евро 6,4800-6,4900 сомониро ташкил доданд. Ҳаҷми қарордодҳо бо асъорҳои хориҷӣ ва қурбҳо дар бозори байнибонкӣ ва дохилибонкӣ 16 октябр тамоюли пастшавӣ дошта, аз фаъолтар шудани амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро шаҳодат доданд. Умуман, аз рӯи амалиёт, қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА каме паст шуда, 4,3820 сомониро барои 1 долл. ИМА ташкил дод. Қурбҳои миёнаи хариду фурӯши рубли русӣ ва евро бошад, каме баланд шуданд ва ба 1,4860 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва 6,5195 сомонӣ барои 1 евро баробар шуданд. Субҳи рӯзи 19 октябр қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бозори нақдинаи ш. Душанбе бетағйир боқӣ монд ва ба ҳисоби миёна 4,3820-4,4000 сомониро ташкил дод. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро низ тағйир наёфта, ба 1,4740-1,4910 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва ба 6,4800-6,5300 сомонӣ барои 1 евро баробар шуданд. Маркази матбуоти БМТ