12.10.2009
Арзиши асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ поин рафт
Дар бахши бозори байнибонкӣ ва дохилибонкӣ 9 октябр арзиши миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА тадриҷан коҳиш ёфт ва дар атрофи 4,3887 - 4,4217 сомонӣ барои 1 долл. ИМА қарор гирифт. Вале қурбҳои миёнаи рубли русӣ ва евро бошад, каме баланд гардид ва 1 евро ба 6,4651 сомонӣ, 10 рубли русӣ ба 1,4686 сомонӣ баробар шуд. Дар бозори нақдинаи ш. Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ арзиши миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА 9 октябр ва рӯзҳои истироҳат каме паст шуда, 4,4030-4,4220 сомониро ташкил дод. Субҳи рӯзи 12 октябр қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе назар ба рӯзҳои пешин тағйир наёфт ва ба 4,4180 сомонӣ барои 1 долл. ИМА баробар шуд. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро каме тағйир ёфта, 10 рубли русӣ ба 1,4720 сомонӣ ва 1 евро ба 6,4720 сомонӣ баробар шуданд. Маркази матбуоти БМТ