Қурби доллари ИМА дар бозори нақдина бетағйир монд

Бойгонии ахбор
05.10.2009

Қурби доллари ИМА дар бозори нақдина бетағйир монд

Қурби миёнаи долл. нақдии ИМА 2 октябр ва рӯзҳои истироҳат тағйир наёфта, дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳури ба ҳисоби миёна ба 4,4060-4,4230 сомонӣ баробар шуд. Қурбҳои миёнаи рубли русӣ ва евро каме паст фаромада, мувофиқан 10 рубли русӣ 1,4160-1,4330 сомонӣ ва 1 евро 6,2920-6,3480 сомониро ташкил доданд. Дар маҷмӯъ, айни замон вазъи феълии бозори дохилии асъор аз мӯътадил будани амалиёт ва мутавозунии нисбати пешниҳоду талабот шаҳодат медиҳад.  Агар ҳаҷми қарордодҳо бо доллари ИМА дар бозори байнибонкӣ ва дохилибонкӣ 2 октябр тамоюли пастравиро ба худ касб карда бошад, аз тарафи дигар, зиёдшавии шумораи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евроро дар қисми бозори байнибонкӣ нишон дод. Умуман, аз рӯи амалиёти анҷом додашуда дар ин бозор қурбҳои миёнаи долл. ИМА, евро ва рубли русӣ каме паст шуда, 4,4074 сомонӣ барои 1 долл. ИМА, 1,4578 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва 6,3914 сомониро барои 1 евро ташкил доданд.  Субҳи рӯзи 5 октябр қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе тағйир наёфт ва ба 4,4200 сомонӣ барои 1 долл. ИМА баробар шуд.  Маркази матбуоти БМТ

Возврат к списку