01.10.2009
Қурби асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ паст фаромад
Дар бахши бозори байнибонкӣ ва дохилибонкӣ 29-30 сентябр қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА мӯътадил паст фаромада, дар ҳудуди 4,3890 - 4,4268 сомонӣ барои 1 долл. ИМА қарор гирифт. Қурбҳои миёнаи рубли русӣ ва евро низ чунин тамоилро доштанд ва 1 евро ба 6,3896 сомонӣ, 10 рубли русӣ ба 1,4586 сомонӣ баробар шуданд. Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бозори нақдинаи ш. Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар ин рӯзҳо тағйир наёфта, ба ҳисоби миёна 4,4100-4,4300 сомониро ташкил дод. Субҳи рӯзи 1 октябр қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе тағйир наёфт ва ба ҳисоби миёна ба 4,4250 сомонӣ барои 1 долл. ИМА баробар шуд. Қурби миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро каме паст фаромада, мувофиқан ба 1,4400 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва 6,4400 сомонӣ барои 1 евро баробар шуданд. Маркази матбуоти БМТ