Вазъият дар бозори дохилии асъор мӯътадил мебошад

Бойгонии ахбор
28.09.2009

Вазъият дар бозори дохилии асъор мӯътадил мебошад

Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бозори нақдинаи ш. Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар рӯзҳои истироҳат тағйир наёфт ва ба ҳисоби миёна 4,41-4,43 сомониро ташкил дод.  Субҳи рӯзи 28 сентябр низ қурби хариду фурӯши долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш.Душанбе бетағйир монд. Қурби миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро каме паст фаромада, мувофиқан 10 рубли русӣ ба 1,4350 сомонӣ ва 1 евро ба 6,4750 сомонӣ баробар шуданд.  Айни замон авзои бозори дохилии асъор аз мӯътадил шудани амалиёт ва мутавозунии пешниҳоду талабот шаҳодат медиҳад.  Маркази матбуоти БМТ

Возврат к списку