25.09.2009
Қурби доллари ИМА дар бозори нақдина мунтазам паст фаромад
Қурби миёнаи долл. нақдии ИМА 23-25 сентябр мунтазам паст фаромад. Аз ҷумла, дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ва вилояти Суғд ба 4,4150-4,4250 сомонӣ барои 1 долл. ИМА баробар шуд. Қурбҳои миёна бо рубли русӣ ва евро каме афзуда, мувофиқан 10 рубли русӣ 1,4500-1,4600 сомонӣ ва 1 евро 6,4600-6,5000 сомониро ташкил доданд. Дар маҷмӯъ, айни замон ба сомонӣ талаботи бештар ба мушоҳида мерасад. Ҳаҷми қарордодҳо бо асъорҳои хориҷӣ дар бозори байнибонкӣ ва дохилибонкӣ 23-25 сентябр тамоюли пастшавӣ дошт ва аз зиёд шудани шумораи амалиётҳо бо рубли руси ва евро дар қисми бозори байнибонкӣ дарак дод. Умуман, аз рӯи амалиёт дар ин бозор қурбҳои миёнаи долл. ИМА ва рубли русӣ каме паст шуда, 4,4073 сомонӣ барои 1 долл. ИМА ва 1,4365 сомонӣ барои 10 рубли русиро ташкил доданд. Қурби миёнаи хариду фурӯши евро бошад, каме афзуда, ба 6,4620 сомонӣ баробар шуд. Маркази матбуоти БМТ