22.09.2009
Қарордодҳои хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ дар бозори байнибонкӣ афзуданд
Дар рӯзи кории 18 сентябр ва рӯзҳои истироҳат қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бештари бахшҳои бозори асъор мунтазам паст фаромад Аз ҷумла, дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ва вилояти Суғд ба ҳисоби миёна 1 доллари ИМА ба 4,4280-4,4420 сомонӣ баробар шуд. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро каме афзуда, мувофиқан 10 рубли русӣ 1,4320-1,4420 сомонӣ ва 1 евро 6,4300-6,4800 сомониро ташкил доданд. Ҳаҷми қарордодҳо бо асъорҳои хориҷӣ ва қурбҳо дар бозори байнибонкӣ ва дохилибонкӣ 18 сентябр тамоюли пастшавӣ доштанд ва аз фаъолтар шудани амалиётҳо бо рубли русӣ шаҳодат медоданд. Умуман, аз рӯи амалиёти анҷомдода, қурбҳои миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА ва рубли русӣ каме паст шуда, 4,4109 сомониро барои 1 долл. ИМА ва 1,4380 сомонӣ барои 10 рубли русиро ташкил доданд. Қурби миёнаи хариду фурӯши евро бошад, каме афзуда, ба 6,4420 сомонӣ баробар шуд. Субҳи имрӯз, яъне 22 сентябр қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бозори нақдинаи ш. Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ бетағйир боқӣ монда, ба ҳисоби миёна 4,4320-4,4480 сомониро ташкил дод. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро низ тағйир наёфта, мувофиқан ба 1,4310-1,4430 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва ба 6,4320-6,4780 сомонӣ барои 1 евро баробар шуданд. Маркази матбуоти БМТ