Қурби доллари ИМА тамоюли пастравиро соҳиб гашт

Бойгонии ахбор
14.09.2009

Қурби доллари ИМА тамоюли пастравиро соҳиб гашт

Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар давоми рӯзҳои кории 10 -11 сентябр ва рӯзҳои истироҳат каме пасттар шуд. Ин тамоюл рӯзҳои охир ва инчунин субҳи имрӯз, 14 сентябр низ дар бозори нақдинаи ш. Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ идома ёфт ва қурби 1 долл. ИМА дар ҳудуди 4,4320-4,4540 сомониро ташкил дод. Қурби асъорҳои хориҷии дигар нисбати сомонӣ бошад, каме афзуда, 10 рубли русӣ ба 1,41 сомонӣ ва 1 евро ба 6,32 сомонӣ баробар шуданд.  Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бахшҳои байнибонкӣ ва дохилибонкӣ дар ин рӯзҳо мӯътадил боқӣ монда, қурби миёнаи 1 долл. ИМА ба 4,4137 сомонӣ баробар шуд. Қурби миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро каме баланд шуда, 1 евро 6,3796 сомонӣ ва 10 рубли русӣ 1,4206 сомониро ташкил доданд.  Маркази матбуоти БМТ

Возврат к списку