Қурби асъорҳои хориҷӣ дар бозори нақдина каме тағйир ёфт

Бойгонии ахбор
10.09.2009

Қурби асъорҳои хориҷӣ дар бозори нақдина каме тағйир ёфт

Дар рӯзҳои 8-9 сентябр қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ каме баланд шуда, ба ҳисоби миёна ба 4,45 - 4,46 сомонӣ барои 1 долл. ИМА баробар шуд.  Субҳи имрӯз, яъне 10 сентябр қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе бетағйир боқӣ монда, ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 4,4520-4,4620 ташкил дод. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро каме баланд шуда, мувофиқан ба 1,40-1,41 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва ба 6,30-6,32 сомонӣ барои 1 евро баробар шуданд.  Ҳаҷми хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ дар бозори байнибонкӣ тамоюли камшавиро ба худ касб намуд ва аз рӯи амалиёт гузаронидашуда қурбҳои миёнаи долл. ИМА, евро ва рубли русӣ каме паст фаромаданд. Дар натиҷа 1 долл. ИМА ба 4,41 сомонӣ, 1 евро ба 6,30 сомонӣ ва 10 рубли русӣ ба 1,40 сомонӣ баробар шуданд.  Маркази матбуоти БМТ

Возврат к списку