03.09.2009
Қурбҳои миёнаи хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ бетағйир монданд
3 сентябр қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА ва рубли русӣ дар бахшҳои асосии бозори асъор тағйир наёфта, дар қисмати байнибонкӣ ва дохилибонкии бозор ба 4,39-4,41 сомонӣ барои 1 долл. ИМА ва 1,37-1,40 сомонӣ барои 10 рубли русӣ баробар шуд. Қурби миёнаи хариду фурӯши евро бошад, каме афзуда 6,29 сомониро барои 1 евро ташкил дод. Дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе қурбҳои миёнаи хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ бетағйир монда, қурбҳои миёнаи 1 долл. ИМА ба 4,44 сомонӣ, 1 евро ба 6,30 сомонӣ ва 10 рубли русӣ ба 1,39 сомонӣ баробар шуданд. Маркази матбуоти БМТ