Қарордодҳои хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ дар бозори байнибонкӣ афзуданд

Бойгонии ахбор
28.08.2009

Қарордодҳои хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ дар бозори байнибонкӣ афзуданд

Имрӯз, 28 августи соли ҷорӣ, ҳаҷми қарордодҳои хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ ва қурбҳои дар бозори байнибонкӣ муқарраршуда, аз фаъолтар шудани амалиётҳо бо евро ва рубли русӣ шаҳодат медиҳанд. Умуман, аз рӯи амалиётҳои гузаронидашуда қурбҳои миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА, евро ва рубли русӣ каме тағйир ёфта, 4,41 сомонӣ барои 1 долл. ИМА 6,29 сомонӣ барои 1 евро ва 1,40 сомонӣ барои 10 рубли русиро ташкил доданд.  Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бозори нақдинаи ш. Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар давоми рӯз каме баланд шуда, ба ҳисоби миёна ба 4,4380 - 4,4540 сомонӣ барои 1 долл. ИМА баробар шуд. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёти рубли русӣ ва евро бошад, бетағйир монда, мувофиқан 1,38-1,39сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва 6,27-6,30 сомонӣ барои 1 евро ташкил намуданд.  Маркази матбуоти БМТ

Возврат к списку