Қурби миёнаи хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ чун рӯзҳои пештара бетағйир монд

Бойгонии ахбор
27.08.2009

Қурби миёнаи хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ чун рӯзҳои пештара бетағйир монд

Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА 27 августи соли ҷорӣ чун рӯзҳои пештара бетағйир монд ва дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе 1 долл. ИМА ба 4,4340 сомонӣ баробар шуд. Қурбҳои асъорҳои дигар низ мӯътадил буданд, яъне 10 рубли русӣ 1,3930 сомонӣ ва 1 евро 6,2950 сомониро ташкил доданд.  Вазъият дар бозори байнибонкӣ ва дохилибонкӣ аз мӯътадил шудани амалиётҳо ва афзудани пешниҳоди асъори хориҷӣ шаҳодат медиҳад. Вобаста ба ин, қурби миёнаи 1 долл. ИМА дар бозорҳои номбурда ба 4,4132 сомонӣ, 10 рубли русӣ ба 1,4096 сомонӣ ва 1 евро ба 6,2737 сомонӣ баробар гашт.  Маркази матбуоти БМТ

Возврат к списку