26.08.2009
Қурбҳoи миёнаи хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ каме поин рафтанд
26 августи соли равон қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА ва евро дар бештари бахшҳои бозори асъор каме паст шуда, дар қисмати байнибонкӣ ва дохилибонкии бозор 1 долл. ИМА ба 4,39-4,43 сомонӣ ва 1 евро ба 6,25-6,29 сомонӣ баробар шуданд. Қурби миёнаи хариду фурӯши рубли русӣ бошад, каме афзуд ва 10 рубли русӣ 1,40 сомониро ташкил дод. Дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе дар давоми рӯз қурби миёнаи хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ чун рӯзи гузашта бетағйир монда, қурби миёнаи 1 долл. ИМА ба 4,44 сомонӣ, 1 евро ба 6,30 сомонӣ ва 10 рубли русӣ ба 1,39 сомонӣ баробар шуд. Маркази матбуоти БМТ