Қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА дар бозори асъор паст фаромад

Бойгонии ахбор
21.08.2009

Қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА дар бозори асъор паст фаромад

Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бештари бахшҳои бозори асъор мунтазам паст фаромада, аз ҷумла дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе дар давоми рӯз 21 август, он устувор боқӣ монда, ба ҳисоби миёна ба 4,4314-4,4523 сомонӣ барои 1 долл. ИМА баробар шуд. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро каме афзуда, мувофиқан ба 1,38-1,39 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва ба 6,26-6,31 сомонӣ барои 1 евро баробар шудаанд. Айни замон зиёд шудани пешниҳоди асъори хориҷӣ дида мешавад.  Вазъияти бахшҳои байнибонкӣ ва дохилибонкии бозор фаъолтар шудани амалиётҳоро бо долл. ИМА ва рубли русӣ нишон медиҳад, ки қурби миёнаи 1 долл. ИМА ба 1,4109 сомонӣ, 10 рубли русӣ ба 1,4025 сомонӣ ва 1 евро ба 6,2429 сомонӣ баробар шуд.  Маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон

Возврат к списку