20.08.2009
Қурби асъори хориҷӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъор каме тағйир ёфт
20 август қурби миёнаи хариду фурӯши асъори хориҷӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъор каме тағйир ёфта, ба ҳисоби миёна ба 4,43 – 4,45 сомонӣ барои 1 долл. ИМА, ба 1,37 – 1,39 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва ба 6,16 -6,25 сомонӣ барои 1 евро баробар шуд. Дар қисмати муомилоти байнибонкӣ ва дохилибонкӣ бошад, шумораи амалиётҳо бо асъори хориҷӣ камтар шуда, қурби миёнаи 1 долл. ИМА 4,41 сомонӣ, 10 рубли русӣ 1,39 сомонӣ ва 1 евро 6,13 сомониро ташкил намуд. Маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон