Қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА дар бозори нақдӣ бетағйир боқӣ монд

Бойгонии ахбор
19.08.2009

Қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА дар бозори нақдӣ бетағйир боқӣ монд

Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бозори нақдинаи ш. Душанбе дар давоми рӯз 19 август, бетағйир боқӣ монда, ба ҳисоби миёна 4,4312 - 4,4523 сомониро ташкил дод, дар бозор камтар шудани талабот ба асъори хориҷӣ мушоҳида мешавад. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро низ мӯътадил буда, мувофиқан 1,36-1,38 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва 6,25-6,29 сомониро барои 1 евро ташкил намуданд.  Дар бозори байнибонкӣ ва дохилибонкӣ, ки бештари амалиёт дар он сурат мегирад, қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА аз рӯи қарордодҳои басташуда, дар ҳудуди 4,39-4,43 сомонӣ ҷойгир шуд. Қурби миёнаи рубли русӣ ва евро бошад каме паст фаромада, 10 рубли русӣ ба 1,39 сомонӣ ва 1 евро ба 6,22 сомонӣ баробар шуд.  Маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон

Возврат к списку