Қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА дар бозори нақдина устувор боқӣ монд

Бойгонии ахбор
14.08.2009

Қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА дар бозори нақдина устувор боқӣ монд

Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бозори нақдинаи ш. Душанбе 14 август устувор боқӣ монда, ба ҳисоби миёна ба 4,43 - 4,45 сомонӣ баробар шуд. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро каме тағйир ёфта, мувофиқан ба 1,38-1,39 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва ба 6,25-6,31 сомонӣ барои 1 евро баробар шудаанд. Айни замон баробарии талабот ва пешниҳоди пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дида мешавад.  Дар навбати худ, шумораи амалиётҳои хариду фурӯши асъори хориҷӣ дар бозори байнибонкӣ нисбатан афзуда, ба ҳисоби миёнаи қурби 1 долл. ИМА ба 4,4189 сомонӣ, 10 рубли русӣ ба 1,3429 сомонӣ ва 1 евро ба 6,2856 сомонӣ баробар шуд.  Маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон

Возврат к списку