Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА чун рӯзҳои пештара бетағйир монд

Бойгонии ахбор
11.08.2009

Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА чун рӯзҳои пештара бетағйир монд

11 август қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА, чун рӯзҳои пештара бетағйир боқӣ монда, дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе ба 4,4436 сомонӣ барои 1 долл. ИМА баробар шуд. Дар навбати худ, қурби дигар асъорҳо низ нисбатан мӯътадил буданд ва қурби миёнаи хариду фурӯши 10 рубли русӣ ба 1,4015 сомонӣ ва 1 евро ба 6,2536 сомонӣ баробар шуданд.  Дар бахшҳои байнибонкӣ ва дохилибонкии бозор афзудани пешниҳоди асъори хориҷӣ ба мушоҳида мерасид, аз ин рӯ қурби миёнаи 1 долл. ИМА ба 4,4174 сомонӣ, 10 рубли русӣ ба 1,4032 сомонӣ ва 1 евро ба 6,2490 сомонӣ баробар гашт.  Маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон

Возврат к списку