10.08.2009
Қурби хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ дар бозори асъор бетағйир монд
Дар рӯзҳои истироҳат қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ бетағйир монда, ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 4,4325-4,4534 сомонӣ боқӣ монд. Субҳи имрӯз, 10 август қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бозори нақдинаи ш.Душанбе ва вилояти Суғд каме афзуда, пас аз нисфирӯзӣ паст шуда, дар сатҳи 4,4332-4,4527 сомонӣ қарор гирифт. Шумораи амалиётҳои хариду фурӯши асъори хориҷӣ дар бозори байнибонкӣ нисбатан афзуда, ба ҳисоби миёна қурби 1 долл. ИМА ба 4,4169 сомонӣ баробар шуд. Маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон