Қурби миёнаи хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ дар баъзе бахшҳои бозори асъор каме тағйир ёфтанд

Бойгонии ахбор
07.08.2009

Қурби миёнаи хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ дар баъзе бахшҳои бозори асъор каме тағйир ёфтанд

7 август қурби миёнаи хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ дар баъзе бахшҳои бозори асъор каме тағйир ёфта, дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе қурби миёнаи 1 долл. ИМА - 4,4325 сомонӣ, 10 рубли русӣ - 1,4095 сомонӣ ва 1 евро - 6,2512 сомониро ташкил дод.  Дар бозори байнибонкӣ ва дохилибонкӣ бошад аксари амалиётҳо бо қурби аз 4,3933 то 4,4479 сомонӣ барои 1 долл. ИМА сурат гирифта, нишондиҳандаи миёнаи қарордодҳои басташудаи он 4,4061 сомониро ташкил дод.  Маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон

Возврат к списку