04.08.2009
Қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА дар бозори нақдина чун рӯзҳои гузашта устувор боқӣ монд
Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бозори нақдинаи ш. Душанбе дар давоми рӯзи 4 август чун рӯзҳои гузашта устувор боқӣ монда, ба ҳисоби миёна ба 4,43 - 4,45 сомонӣ барои 1 долл. ИМА баробар шуд. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро каме тағйир ёфта, мувофиқан ба 1,40-1,41 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва ба 6,18-6,24 сомонӣ барои 1 евро баробар шудаанд. Айни замон баробарии талабот ва пешниҳоди пули миллӣ ва хориҷӣ дида мешавад. Аз ин рӯ, дар бозори байнибонкӣ ягон қарордоди хариду фурӯши асъори хориҷӣ баста нашудааст. Маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон