31.07.2009
Қурби хариду фурӯши доллари ИМА бетайғир монд
Дар давоми рӯз, 31 июл дар бозори нақдинаи ш. Душанбе қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА бетағйир монда ба ҳисоби миёна ба 4,43 - 4,45 сомонӣ баробар шуд. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёти рубли русӣ ва евро бошад бетағйир монда, мувофиқан 1,40-1,41 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва 6,17-6.23 сомонӣ барои 1 евро ташкил намуданд. Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бахшҳои байнибонкӣ ва дохилибонкии бозор аз рӯи амалиётҳои гузаронидашуда, бештар дар ҳудуди 4,39 – 4,42 сомонӣ расида, бо ин сабаб қурби расмии мубодилавии доллари ИМА аз 4,3906 то 4,3900 сомонӣ барои 1 доллари ИМА паст шуд. Маркази матбуоти БМТ