24.07.2009
Қурби миёнаи хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ каме паст фаромад
Дар давоми рӯз, 24 июл қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бозори нақдинаи ш. Душанбе бо сабаи зиёд шудани пешниҳоди асъори хориҷӣ тамоюли пастшавӣ дошта, то ҳудуди 4,4246-4,4465 сомонӣ барои 1 долл. ИМА коҳиш ёфт. Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА ва евро дар бахшҳои байнибонкӣ ва дохилибонкӣ низ паст шуда, қурби миёнаи 1 долл. ИМА ба 4,4078 сомонӣ, 1 евро ба 6,14 сомонӣ расид, қурби рубли русӣ бошад бетағйир монда ба 1,42 сомонӣ барои 10 рубли русӣ баробар шуд. Маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон