Қурби миёнаи хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ бетағйир монд

Бойгонии ахбор
23.07.2009

Қурби миёнаи хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ бетағйир монд

Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе 23 июл тағйир наёфта ба ҳисоби миёна 4,43 - 4,45 сомониро ташкил дод. Айни замон мӯътадилии талабот ва пешниҳоди пули миллӣ ва хориҷӣ дида мешавад.  Ҳаҷми қарордодҳои хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ ва қурбҳои дар бозори байнибонкӣ ва дохилибонкӣ муқарраршуда, фаъолтар шудани амалиётҳо бо долл. ИМА, евро ва рубли русиро нишон медиҳанд. Умуман, аз рӯи амалиёт, қурби миёнаи долл. ИМА ва евро каме паст шуда 4,42 сомонӣ барои 1 долл. ИМА ва 6,15 сомонӣ барои 1 евро ташкил дод, қурби рубли русӣ бошад каме афзуда ба 1,42 сомонӣ барои 10 рубли русӣ расид.  Маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон

Возврат к списку