20.07.2009
Қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА бетағйир монд
Дар рӯзҳои истироҳат қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ каме паст шуда, ба ҳисоби миёна 4,42-4,45 сомониро ташкил дод. Дар давоми рӯз, 20 июл қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе дар ҳудуди 4,43-4,45 сомонӣ қарор гирифт. Дар бозори байнибонкӣ ва дохилибонкӣ бошад, бештари қарордодҳои хариду фурӯши долл. ИМА бо қурби аз 4,39 то 4,43 сомонӣ барои 1 долл. ИМА сурат гирифт ва вобаста ба ин қурби мубодилавии расмӣ аз 4,3920 то 4,3918 сомонӣ паст шуд. Маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон