Қурби миёнаи хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ устувор боқӣ монд

Бойгонии ахбор
17.07.2009

Қурби миёнаи хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ устувор боқӣ монд

Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА рӯзи 17 июл дар бозори нақдинаи ш. Душанбе тамоили камшавиро давом дода, дар ҳудуди 4,42-4,45 сомонӣ барои 1 долл. ИМА боқӣ монд. Қурби асъорҳои хориҷии дигар ҳам бетағйир боқи монда, 10 рубли русӣ ба 1,39 сомонӣ ва 1 евро ба 6,20 сомонӣ баробар шуданд.  Қурби миёнаи хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ дар бахшҳои байнибонкӣ ва дохилибонкӣ мӯътадил боқи монда, қурби миёнаи 1 долл. ИМА ба 4,4237 сомонӣ, 1 евро ба 6,19 сомонӣ ва 10 рубли русӣ ба 1,39 сомонӣ баробар шуд.  Маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон

Возврат к списку