Қурби миёнаи хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ бетағйир монд

Бойгонии ахбор
16.07.2009

Қурби миёнаи хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ бетағйир монд

Имрӯз, 16 июл, қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бештари бахшҳои бозори асъор каме паст шуда, дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе қурби миёнаи 1 долл. ИМА 4,4352 сомониро ташкил намуд. Дар навбати худ қурби дигар асъорҳо нисбатан мӯътадил буданд ва 10 рубли русӣ 1,39 сомонӣ ва 1 евро 6,18 сомониро ташкил доданд.  Дар бахшҳои байнибонкӣ ва дохилибонкӣ бошад, қурби миёнаи хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ бетағйир монда, қурби миёнаи 1 долл. ИМА ба 4,42 сомонӣ, 1 евро ба 6,17 сомонӣ ва 10 рубли русӣ ба 1,41 сомонӣ расид.  Маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон

Возврат к списку