15.07.2009
Қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА дар бозори нақдина мунтазам фаромадааст
Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бозори нақдинаи ш. Душанбе дар давоми рӯз 15 июл, мунтазам фаромада, ба ҳисоби миёна 4,42 - 4,45 сомониро ташкил дод. Талабот ба асъори хориҷӣ вобаста ба гузаронидани амалиёт аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзӣ камтар шуд. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро каме баландтар шуда, мувофиқан 1,38-1,39 сомонӣ ва 6,15-6,20 сомониро ташкил намуданд. Дар бозори байнибонкӣ ва дохилибонкӣ, ки бештари амалиёт дар он сурат мегирад, қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА аз рӯи қарордодҳои басташуда, дар ҳудуди 4,39-4,43 сомонӣ ҷойгир шуд. Қурби миёнаи рубли русӣ ва евро бошад каме паст фаромада, 10 рубли русӣ ба 1,41 сомонӣ ва 1 евро ба 6,18 сомонӣ баробар шуд. Маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон