Қурби доллари ИМА дар рӯзҳои истироҳат каме тағйир ёфт

Бойгонии ахбор
13.07.2009

Қурби доллари ИМА дар рӯзҳои истироҳат каме тағйир ёфт

Дар рӯзҳои истироҳат қурби долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъор вилояти Суғд ва ш. Душанбе каме тағйир ёфта ба ҳисоби миёнаи қурби доллари ИМА 4,46 – 4,48 сомонӣ ташкил дод.  Дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ бошад, қурбҳои асъори хориҷӣ нисбат мӯътадил монда, ба ҳисоби миёна 1 долл. ИМА 4,42-4,44 сомониро ташкил дод.  Субҳи имрӯз, 13 июл Бонки миллии Тоҷикистон ва бонкҳои тиҷоратӣ фурӯши асъори хориҷиро анҷом дода, талаботи барзиёд ба долл. ИМА поён шуд ва ба ҳисоби миёна пас аз нисфирӯзӣ қурби долл. ИМА дар сатҳи 4,44-4,46 сомонӣ қарор гирифт.  Амалиётҳои хариду фурӯши асъори хориҷӣ дар бозори байнибонкӣ низ ҷоннок шуда, ба ҳисоби миёна қурби долл. ИМА каме боло рафта, қурби миёнаи хариду фурӯш 4,4350 сомониро ташкил дод.  Маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон

Возврат к списку