10 июли соли равон қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бозори нақдинаи шаҳри Душанбе каме паст шуд

Бойгонии ахбор
10.07.2009

10 июли соли равон қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бозори нақдинаи шаҳри Душанбе каме паст шуд

Имрӯз, 10 июли соли равон қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бозори нақдинаи шаҳри Душанбе каме паст шуда, ба ҳисоби миёна 4,42-4,44 сомониро ташкил дод. Дар навбати худ қурби асъорҳои дигар низ нисбатан устувор буданд, аз он ҷумла 10 рубли русӣ ба 1,41 сомони ва 1 евро ба 6,10 сомонӣ баробар шуданд. Айни замон мӯътадилии талаботу пешниҳоди пули миллӣ ва асъори хориҷӣ ба назар мерасад.  Дар бозори байнибонкӣ ва дохилибонкӣ бошад, қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА низ каме паст шуд ва дар натиҷа қурби мубодилавии расмӣ аз 4,4003 то 4,3905 сомонӣ поён рафт.  Маркази матбуоти БМТ

Возврат к списку