Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА каме тағйир ёфт

Бойгонии ахбор
09.07.2009

Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА каме тағйир ёфт

Дар давоми рӯзи 9 июл қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе каме тағйир ёфт ва ба ҳисоби миёна 4,43 - 4,45 сомониро ташкил дод.  Дар бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкӣ бештари амалиёт бо долл. ИМА бо қурбҳои 4,40 - 4,42 сомонӣ сурат гирифт, ки нисбат ба қурби рӯзи гузашта паст мебошад. Бинобар ин, қурби расмии долл. ИМА 4,4003 сомонӣ муқаррар карда шуд.  Қурби миёнаи хариду фурӯши рубли русӣ ва евро бошад, каме паст гардид ва мувофиқан 1,41 ва 6,18 сомониро ташкил дод.  Маркази матбуоти БМТ

Возврат к списку