06.07.2009
Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА чун рӯзҳои фароғатӣ дар бозори асъор бетағйир монд
Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА, 6 июл, чун рӯзҳои истироҳати гузашта дар бозори асъор бетағйир монд ва дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе қурби миёнаи 1 долл. ИМА 4,4243 сомониро ташкил намуд. Гузашта аз ин, қурби асъорҳои дигар низ нисбатан мӯътадил буданд, яъне 10 рубли русӣ 1,41 сомонӣ ва 1 евро 6,10 сомониро ташкил доданд. Вазъи дар бахшҳои бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкии асъор ба миёномада, аз фаъолтар шудани амалиётҳо ва афзудани пешниҳоди асъори хориҷӣ дарак медиҳад, ки дар натиҷа қурбҳои миёнаи 1 долл. ИМА дар сатҳи 4,4151 сомонӣ, 10 рубли русӣ 1,4356 сомонӣ ва 1 евро 6,2236 сомонӣ қарор гирифтанд. Маркази матбуоти БМТ