01.07.2009
1 июли соли равон қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бештари бахшҳои бозори асъор каме поин рафт
1 июли соли 2009 қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бештари бахшҳои бозори асъор каме поин рафт ва дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе қурби миёнаи 1 долл. ИМА 4,4253 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба дирӯз 0,1% паст аст. Дар баробари ин, қурби асъорҳои дигар нисбатан мӯътадил буданд ва 10 рубли русӣ 1,41 сомонӣ ва 1 евро 6,10 сомониро ташкил доданд. Дар бозори байнибонкӣ ва дохилибонкӣ бошад, аксари амалиётҳо бо долл. ИМА бо қурби аз 4,4018 то 4,4326 сомонӣ сурат гирифтанд ва нишондиҳандаи миёнаи қарордодҳои басташудаи он 4,4240 сомонӣ ва қурби мубодилавии расмӣ 4,4003 сомониро ташкил дод. Маркази матбуоти БМТ