Талабот ба асъори хориҷӣ кам шудааст

Бойгонии ахбор
25.06.2009

Талабот ба асъори хориҷӣ кам шудааст

Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бозори нақдинаи ш. Душанбе дар давоми рӯзи 25 июн бетағйир монда, ба ҳисоби миёна 4,43 – 4,45 сомониро ташкил дод. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки талабот ба асъори хориҷӣ кам шудааст. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёти рубли русӣ ва евро каме паст шуда, мувофиқан 1,41 – 1,42 сомонӣ ва 6,05 – 6,12 сомониро ташкил намуданд.  Дар бозори байнибонкӣ ва дохилибонкӣ қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА аз рӯи амалиётҳои гузаронидашуда, ба 4,42 – 4,43 сомонӣ баробар шуд. Қурби миёнаи хариду фурӯши рубли русӣ ва евро каме тағйир ёфт ва мувофиқан 1,43 ва 6,12 сомониро ташкил дод. Бинобар сабаби он ки дар бозори байнибонкии асъор амалиёт бо евро афзуд, қурби мубодилавии расмии он то 6,21 сомонӣ баланд шуд.  Маркази матбуоти БМТ

Возврат к списку