Қурби миёнаи хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ дар баъзе бахшҳои бозори асъор каме паст гардид

Бойгонии ахбор
24.06.2009

Қурби миёнаи хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ дар баъзе бахшҳои бозори асъор каме паст гардид

24 июни соли равон қурби миёнаи хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ дар баъзе бахшҳои бозори асъор каме паст гардид, ки дар натиҷа дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе қурбҳои миёнаи 1 долл. ИМА ба 4,43 сомонӣ, 10 рубли русӣ 1,42 сомонӣ ва 1 евро 6,12 сомонӣ баробар шуданд.  Дар бозори байнибонкӣ ва дохилибонкӣ бошад, аксари амалиётҳо бо қурбҳои 4,40 - 4,42 сомонӣ сурат гирифтанд ва нишондиҳандаи миёнаи қарордодҳои басташудаи он 4,4190 сомониро ташкил дод, аз ин рӯ, қурби расмӣ аз 4,4003 то 4,4000 сомонӣ паст шуд.  Маркази матбуоти БМТ

Возврат к списку