Имрӯз қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе тағйир наёфт

Бойгонии ахбор
22.06.2009

Имрӯз қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе тағйир наёфт

Дар давоми рӯзи 22 июни соли равон қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе тағйир наёфт, аз ин рӯ, чун пештара ба ҳисоби миёна 4,43 - 4,45 сомониро ташкил дод.  Дар бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкӣ аксарияти амалиёт бо долл. ИМА бо қурби аз 4,41 то 4,43 сомонӣ сурат гирифт ва нишондиҳандаи миёнаи қарордодҳои басташудаи он каме паст шуд, бинобар ин, қурби расмӣ аз 4,4004 то 4,4002 сомонӣ коҳиш ёфт.  Қурби миёнаи хариду фурӯши рубли русӣ ва евро низ каме тағйир ёфта, 10 рубли русӣ 1,43 сомонӣ ва 1 евро 6,10 сомониро ташкил дод.  Маркази матбуоти БМТ

Возврат к списку