Қурби хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ дар бозори асъор

Бойгонии ахбор
19.06.2009

Қурби хариду фурӯши асъорҳои хориҷӣ дар бозори асъор

Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бозори нақдинаи ш. Душанбе дар давоми рӯзи 19 июн, бетағйир монда ба ҳисоби миёна 4,43 - 4,45 сомониро ташкил дода, талабот ба асъори хориҷӣ кам шудааст. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёти рубли русӣ ва евро каме паст шуда, мувофиқан 1,41 – 1,42 сомонӣ ва 6,05 – 6,12 сомониро ташкил намуд.  Дар бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкӣ қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА аз рӯи амалиётҳои гузаронидашуда, дар ҳудуди 4,41 – 4,43 сомонӣ ҷойгир шуд. Қурби миёнаи хариду фурӯши рубли русӣ ва евро паст шуда, мувофиқан 1,43 ва 6,13 сомониро ташкил дод.

Возврат к списку