Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА чун рӯзи гузашта тағйир наёфт

Бойгонии ахбор
18.06.2009

Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА чун рӯзи гузашта тағйир наёфт

Дар давоми рӯзи 18 июни соли ҷорӣ қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе чун рӯзи гузашта тағйир наёфт ва ба ҳисоби миёна 4,43 - 4,45 сомониро ташкил дод.  Дар бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкӣ аксарияти амалиёт бо қурби аз 4,40 то 4,43 сомонӣ барои 1 долл. ИМА сурат гирифт, ки нисбат ба 17 июни соли равон паст мебошад. Аз ин рӯ, қурби расмии долл. ИМА 4,4006 сомонӣ муқаррар карда шуд.  Қурби миёнаи хариду фурӯши рубли русӣ ва евро каме афзуда, мувофиқан 1,45 ва 6,16 сомониро ташкил дод.  Маркази матбуоти БМТ

Возврат к списку