17 июн қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бозори нақдина бетағйир монд

Бойгонии ахбор
17.06.2009

17 июн қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бозори нақдина бетағйир монд

Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар бозори нақдинаи ш. Душанбе дар давоми рӯзи 17 июн, умуман бетағйир монда, ба ҳисоби миёна 4,42 – 4,45 сомониро барои 1 долл. ИМА ташкил дод.  Дар қисмати муомилоти байнибонкӣ қурби миёнаи амалиёт барои 1 долл. ИМА каме паст гардида, аз 4,4370 то 4,4263 сомонӣ коҳиш ёфт. Муомилот бо рубли русӣ ва евро каме фаъолтар шуда, бо сабаби афзудани талабот ба сомонӣ қурби миёнаи 10 рубли русӣ аз 1,45 то 1,43 сомонӣ ва 1 евро аз 6,13 то 6,10 сомонӣ паст шуд.  Маркази матбуоти БМТ

Возврат к списку