15.06.2009
Имрӯз қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе тағйир наёфт
Дар давоми рӯзи 15 июни соли равон қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе тағйир наёфт ва ба ҳисоби миёна 4,43 - 4,45 сомониро ташкил дод. Дар бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкӣ бештари амалиёт бо қурби аз 4,41 то 4,44 сомонӣ барои 1 долл. ИМА сурат гирифт, ки дар натиҷа нишондиҳандаи миёнаи қарордодҳои басташудаи он каме паст гардид ва вобаста ба ин, қурби расмӣ аз 4,4005 то 4,4001 сомонӣ коҳиш ёфт. Қурбҳои миёнаи хариду фурӯши рубли русӣ ва евро каме тағйир ёфта, мутаносибан 1,45 ва 6,14 сомониро ташкил дод. Маркази матбуоти БМТ