11.06.2009
Имрӯз қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе бетағйир монд
Дар давоми рӯзи 11 июни соли ҷорӣ қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе бетағйир монд ва чун рӯзи гузашта ба ҳисоби миёна 4,43 – 4,45 сомониро барои 1 долл. ИМА ташкил дод. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёти рубли русӣ ва евро каме паст гардида, мутаносибан ба 1,41 – 1,43 сомонӣ ва 6,07 – 6,12 сомонӣ баробар шуданд. Дар бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкӣ бошад, қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА аз рӯи амалиётҳои гузаронидашуда, каме афзуд ва дар ҳудуди 4,42 - 4,43 сомонӣ қарор гирифт. Қурби миёнаи хариду фурӯши рубли русӣ ва евро мутаносибан 1,47 сомонӣ ва 5,9861 сомониро ташкил дод. Маркази матбуоти БМТ