10.06.2009
Дар оғози рӯзи 10 июни соли равон қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА то 4,44 – 4,46 сомонӣ афзуд
Дар оғози рӯзи 10 июни соли равон қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе то 4,44 – 4,46 сомонӣ афзуд, вале дар фуроварди рӯз он мӯътадил гашт ва 4,43 – 4,45 сомониро барои 1 долл. ИМА ташкил дод. Дар бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкӣ бошад, қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА аз рӯи амалиётҳои гузаронидашуда паст гардида, дар ҳудуди 4,40 сомонӣ қарор гирифт. Амалиёт бо рубли русӣ фаъолтар шуда, қурби миёнаи 10 рубли русӣ аз 1,43 то 1,46 сомонӣ афзуд. Маркази матбуоти БМТ