09.06.2009
Қурби миёнаи хариду фурӯши асъори хориҷӣ 4,4350 – 4,4550 сомонӣ барои 1 долл. ИМА ташкил дод
Имрӯз, 9 июни соли равон қурби миёнаи хариду фурӯши асъори хориҷӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе каме тағйир ёфта, ҳудуди 4,4350 – 4,4550 сомонӣ барои 1 долл. ИМА, 1,41 – 1,42 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва 6,12 – 6,15 сомонӣ барои 1 евро ташкил дод. Дар бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкӣ бошад, қурби қарордодҳои басташуда ба 4,39 – 4,41 сомонӣ баробар шуд. Қурби миёнаи хариду фурӯши рубли русӣ ва евро низ каме тағйир ёфта, қурби 10 рубли русӣ то ба 1,43 сомонӣ ва евро то ба 6,11 сомонӣ афзуда бошад, ҳам дар бозори ҷаҳонӣ қурби долл. ИМА нисбати евро каме боло рафта, аз 1,4177 то ба 1,3866 омада расид. Маркази матбуоти БМТ