08.06.2009
Қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе бетағйир монд
Дар давоми рӯзи 8 июни соли равон қурби миёнаи хариду фурӯши долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ш. Душанбе бетағйир монда, дар ҳудуди 4,4350 – 4,4450 сомонӣ ҷамъбаст шуд. Дар минтақаҳои ҷумҳурӣ бошад, қурбҳои асъори хориҷӣ нисбат ба рӯзи гузашта каме тағйир ёфта, ба ҳисоби миёна 4,40 – 4,42 сомониро ташкил дод. Дар асоси қурбномаи ташкилотҳои қарзӣ ва нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсони воқеии ҷумҳурӣ, имрӯз қурби миёнаи хариду фурӯши 10 рубли русӣ 1,41 – 1,43 сомонӣ ва 1 евро 6,05 – 6,07 сомониро ташкил дод. Маркази матбуоти БМТ